Тадбирҳои пешгирӣ аз коронавирус дар ФБД

30 январи соли равон бо ташаббуси Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» дар Фурудгоҳ оид ба дарёфт ва пешгирии бемории сироятии коронавирус брифинги матбуотӣ баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода иштирок намуд.

Дар брифинг доираи васеи намояндагони ВАО-и дохиливу хориҷӣ иштирок намуда, онҳо аз рафти омодагиҳои Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷиҳати дарёфти бемории сироятии коронавирус аз шаҳрвандони ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда шинос гардиданд.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат ба хабарнигорон иброз намуд, ки бо дарназардошти вазъи бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии мардумии Чин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати ошкор ва пешгирии бемории мазкур дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

-Айни ҳол дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Душанбе ва Хуҷанд, ки равуои шаҳрвандон асосан тариқи хатсайрҳои ин ду шаҳр сурат мегирад, таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди теплавизор ва термасканерҳо насб карда шудаанд, ки ҳар як шаҳрванде, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид мегардад, тавассути онҳо гузаронида мешавад. Ҳамзамон, мо ҳамарӯза бо Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба вазъи бемории мазкур дар Ҷумҳурии мардумии Чин табодули маълумотӣ дорем-афзуд ӯ.

Бояд қайд намуд, ки ҳангоми дарёфти чунин беморон онҳо фавран дар ҳуҷраҳои махсусе, ки дар фурудгоҳҳо мавҷуданд, ҷойгир карда шуда, тавассути нақлиёти махсус ба шӯъбаҳои бемориҳои сироятӣ интиқол ёфта, таҳти назорати табибон қарор дода мешаванд. Имрӯз тамоми сохторҳо вазифадор гардидаанд, ки тибқи Фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳуриии Тоҷикистон таҷҳизоти худро омода намоянд ва тамоми мусофироне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз муоина гузаронида, дар мавриди зарурӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар 27 гузаргоҳи сарҳадии калону хурд, ки бо кишварҳои ҳамсоя фаъолият мекунанд, вобаста ба масъалаи мазкур аз 2 то 5 мутахассиси соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд.

Ҳамзамон, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ва сохторҳои дахлдори он тадбирҳои иловагӣ баҳри роҳ надодан ё ин ки сари вақт пешгирӣ кардани ин беморӣ андешида шуда истодаанд.

Дар идома муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода ба саволи рӯзноманигорон вобаста ба овозаҳо дар мавриди сирояти шаҳрвандони кишвар ба бемории мазкур гуфт: “хабарҳое, ки чанд рӯзи охир вобаста ба сирояти шаҳрвандони кишвар ба бемории коронавирус дар шабакаҳои интернетӣ нашр гардиданд, ҳақиқати воқеӣ надоранд ва хушбахтона, то кунун ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

Пас аз шиносоӣ бо корҳои омодагии Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар робита ба ошкорсозии бемории коронавирус, рӯзноманигорон ба озмоишгоҳи вирусологии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташриф оварда, бо ҷараёни корҳои омодабошии он ошно шуданд. Тазаккур бояд дод, ки дар маҷмӯъ айни замон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати пешгирии бемории сирояти коронавирус тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

Коронавирус

Коронавирус: фондовые рынки обвалились второй раз за неделю

Во Франции узаконят «чрезвычайное санитарное положение»

«Мы на фронте»: французские врачи скорой помощи о работе в условиях эпидемии

«У вас есть три дня, чтобы уехать»: как МГИМО выселяет студентов из общежитий из-за коронавируса

Сидящие по домам французы аплодируют медикам со своих балконов

Фото дня: Из-за карантина вода в каналах Венеции стала прозрачной

Музыкальный конкурс «Евровидение-2020» отменен из-за коронавируса

Запрет на вход и на выход: как переживают карантин французские дома престарелых

FT: ЕС заподозрил Россию в распространении фейков о коронавирусе

Глава Еврокомиссии: европейские лидеры «недооценили» опасность эпидемии

Парижская опера бесплатно выложит в сеть свои спектакли во время карантина

В Армении перенесли референдум и ввели ЧП из-за коронавируса

Во Франции из-за коронавируса ограничат продажу парацетамола

Клинические исследования в Марселе показали эффективность противомалярийного средства в лечении коронавируса

Pornhub открыл бесплатный доступ к премиум-аккаунтам для жителей Франции

Маълумот дар бораи коронавирус

Имрӯз тасмим гирифтаем якчанд маълумоте дар бораи Коронавирус 2019-nCoV ва роҳҳои аз ин сироят пешгириро бароятон пешкаш кунем.

Коронавирус 2019-nCoV мансуби оилаи Коронавирусҳо буда, ҳамчун инфексияи зоонозӣ ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумотҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, вирус дорои хосиятҳои мутатсионӣ (тағйирпазирӣ) буда, ҳолатҳои аз одам ба одам сироятёбӣ низ қайд шудааст. Айни ҳол ин вирус барангезандаи эпидемия дар якчанд шаҳрҳои Чин мебошад. Вирус якум бор моҳи декабри соли 2019, дар шаҳри Уҳони мамлакати Чин ба қайд гирифта шудааст. Дар асоси маълумотҳои оморӣ ҳолатҳои зиёди сироятёбӣ қайд шудааст ва якчанд ҳолати фавт низ ҷой дорад. Паҳншавии коронавирусро дар Фаронса, Ҷопон, ИМА, Кореяи Ҷанубӣ ва дар якчанд давлатҳои дигар мушоҳида намуданд. Хушбахтона, бо чорагирии саривақтии Ҳукумати кишварамон, дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ қайд нашудааст. Аммо бо вуҷуди ин мебоист роҳҳои пешгирӣ ва саривақт ошкор намудани ин коронавирусро ҳатман донист.

1. Иртибот бо шахси бемор;

2. Тавассути ҳаво ва оби даҳони шахси сироятёфта;

3. Ҳангоми сару кор бо косаву табақи бемор;

4. Зимни иртибот бо ҳайвони сироятёфта;

1. Сулфаю атсаи зиёд;

2. Баландшавии ҳарорати бадан;

1. Норасогии шушӣ;

2. Норасогии кори гурдаҳо;

1. Қоидахои беҳдошти дастонро риоя кунед! Дастҳоятонро баъди ташноб, пеш аз таом хўрдан, баъди алоқа бо бемори сироятёфта ҳатман бо собун шӯед.

2. Пўшидани ниқобҳои тиббиро дар мавзеҳои серодам фаромўш накунед!

3. Бо ҳайвону паррандаҳҳои ёбоӣ ва шахсони сироятёфта аз алоқа парҳез намоед!

4. Ҳангоми атса ё сулфа бо кафи дастон ё сачоқи намнок (влажная салфетка) даҳонатонро пӯшед!

5. Ҳамагуна меваҷот ва сабзавотро пеш аз истеъмол дар об бодиққат шӯед!

6. Солимии баданро нигоҳ доред, дар ҳолати гирифтори ягон беморӣ будан, зуд паи табобаташ шавед!

Инак, чи хеле мушоҳида кардед, роҳҳои пешгирии ин беморӣ риояи оддитарини қоидаҳои беҳдошти саломатӣ мебошад. Ваксина зидди ин беморӣ то ҳол коркард нашудааст, аммо табобати ин беморӣ бо маводҳои доруворӣ имконпазир аст ва ҳолатҳои табобати пурраи беморон низ қайд гардидааст. Қатъиян риоя намудани ин қоидаҳоро ба шумо тавсия медиҳем.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВОКУНИШ: фавти беморон аз коронавирус дар Тоҷикистон асос надорад

Бо назардошти афзоиш ёфтани шумораи фавтидагон ва гирифторони бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии мардумии Чин имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару овозаҳои зиёд нашр гардида истодаанд, ки гӯё ин беморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шуда, ҳамзамон, боиси марг ва дар беморхона бистарӣ гардидани чанд нафар гардидааст.

Пас аз нашри чунин хабарҳо шаҳрвандони зиёди мамлакат ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, бо изҳори нигаронӣ пурсон шуданд, ки оё воқеан коронавирус дар мамлакат ба қайд гирифта шудааст, ё не!?

Дар робита ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки то кунун дар кишвар бемории сироятии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, вазорат вобаста ба хабаре, ки гӯё дар ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон “Сомон Эйр” як нафар бо сабаби гирифтор шудан ба ин беморӣ ҷон дода, ҳамзамон, як нафари дигар дар “беморхонаи клиникии Мансуров” бистарӣ гардидааст, иттилоъ медиҳад, ки он комилан ҳақиқат надорад.

Дар ҳамин ҳол Саодат Азимова, Директори Муассисаи давлатии Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат ба мо гуфт, то кунун ягон нафарро бо бемории сироятии коронавирус ба қайд нагирифтаанд. Ӯ овозаҳоро дар мавриди бистарӣ гардидани як нафар бо сабаби гирифтор шудан ба бемории мазкур дар пажӯҳишгоҳ қатъиян рад намуд.

Ҳамзамон, Директори Маркази матбуоти “Сомон Эйр” Темур Бандишоев гуфт: “Дар робита ба иттилооте, ки имрӯз дар сомонаи www.ittiloot.com дар бораи ҳалокати эҳтимолии мусофир дар хатсайри ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, самти парвоз аз Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шудааст, ширкати ҳавопаймоӣ изҳор менамояд, ки маълумоти мазкур ҳақиқат надорад. Ширкати ҳавопаймоӣ кӯшиш намуд, ки бо роҳбарияти нашрия ба алоқа барояд, аммо дар сомона рақам ва суроғае, ки нашрия метавонад ҷойгир бошад, зикр нагардидааст. Тавассути почтаи электронӣ ба нашрия мактуб ирсол гардида, талаб карда шуд, ки иттилооти бардурӯғ фавран аз сомона гирифта шавад. Аммо кӯшишҳои мазкур низ бе натиҷа монданд. Бинобар ин, ширкати ҳавопаймоӣ маҷбур аст тавассути дигар васоити ахбори омма раддия дода, ҳамзамон, аз мусофирон хоҳиш мекунад ба иттилооте, ки дар сомонаҳои шубҳанок нашр мешаванд, бовар накунанд”.

Чунин ба назар мерасад, ки дар ин лаҳзаҳои ҳассос гурӯҳ ва баъзе афроди алоҳида аз нашри иттилои бардурӯғ вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон манфиатдор буда, бо ин восита мехоҳанд мардумро тарсонанд, ё ба ин восита манфиатҳои ғаразноки хешро ба даст оваранд.

Вазорат дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута айни замон барои ошкор ва пешгирии бемории сирояти коронавирус тамоми тадбирҳои заруриро андешида, хушбахтона, то кунун ягон ҳолати гирифторшавии шаҳрвандон ба он дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар даъват ба амал меорад, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳои беасос ва дур аз ҳақиқат бовар накарда, дар ҳолати пайдо шудани савол оид ба ин масъала метавонанд ба Маркази матбуоти вазорат бо рақами 446006002 тамос гиранд.

СҶТ хуруҷи коронавирусро дар Чин ҲФ сатҳи байнулмилалӣ эълон накард

Дар Созмон бар ин назаранд, ки ин алҳол танҳо барои Чин ҳолати фавқулода аст.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ(СҶТ) эълони ҳолати фавқулода (ҲФ)-и сатҳи байнулмилалиро бо сабаби хуруҷи бемории илтиҳоби шуш (пневмония) аз сирояти коронавирус дар Чин бармаҳал донист.

Тавре Медуза менависад, директори генералии СҶТ Тедрос Адханом Гебрейесус иброз доштааст, ки “ин ҳолати фавқулода танҳо барои Чин аст, вале ҳоло ба ҳолати фавқулода дар миқёси глобалӣ табдил наёфтааст”.

Ӯ қайд кардааст, ки айни замон Созмон аз 584 нафар гирифторони ин беморӣ ва 17 нафар фавтидагон бар асари он маълумот дар даст дорад. Дар ҳамин ҳол, 575 ҳолати беморӣ ва ҳамаи ҳодисаҳои фавт дар Чин рух додаанд.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости бо истинод ба Кумитаи давлатӣ оид ба масоили тандурустии Чин, шумори ҳалокшудагон аз намуди нави коронавирус дар Чин ба 25 кас ва шумори сироятёфтагон аз он то 830 нафар расидааст.

Тедрос зикр кардааст, ки намуди нави вирус ба бемории чоряки сироятёфтагон боис шуда, аксари онҳо ба касалиҳои фишори баланди хун (гипертония), диабет ё касалии дилу раг гирифтор буданд ва сатҳи сироятнопазирӣ (иммунитет)-ашон заъиф гардида буд.

СҶТ аз хуруҷи беморӣ дар Чин вазъи фавқулодда эълон накард

Роҳбари СҶТ ҳамчунин изҳор доштааст, ки дар берун аз ҳудуди қаламрави Чин ҳолатҳои аз як шахс ба шахси дигар гузаштани вирус ба қайд гирифта нашудааст.

“Ба мо ҳоло бисёр чизҳо номаълум аст. Мо сарчашмаи ин вирус, то кадом андоза осон паҳн шудани он, хусусиятҳои клиникии ин беморӣ ва сатҳи вазнинии онро ба таври комил намедонем”, — иброз доштааст вай.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид доштааст, ки Созмон алҳол ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав дар самти ҳамлу нақл ва савдоро тавсия намедиҳад.

Ёдрас мекунем, ки аз 23 январ Тоҷикистон алоқаи ҳавоиро бо Чин қатъ кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Коронавирус: Что Таджикистан должен был сделать еще вчера?

Как гости из 17 стран отметили Навруз в Дангаре

Посол Таджикистана в России просит не наказывать мигрантов из-за нарушения правил пребывания

Коронавирус. Кто и как может въехать в Таджикистан?

Держите дистанцию. Минздрав Таджикистана показало как соблюдать правила профилактики коронавируса

Эмомали Рахмон раскритиковал таджикских учёных за плагиат

Посольство США в Таджикистане приостанавливает выдачу не иммиграционных виз

«Ранний старт»: Что нужно знать родителям об аутизме?

Распылять по Душанбе антисептики нет необходимости, — Служба госнадзора здравоохранения

Понравилась статья? Поделиться с друзьями:
Добавить комментарий

;-) :| :x :twisted: :smile: :shock: :sad: :roll: :razz: :oops: :o :mrgreen: :lol: :idea: :grin: :evil: :cry: :cool: :arrow: :???: :?: :!: